Сипоси Эрдуғон аз наҷотдиҳандагони тоҷик – видео

Раисҷумҳури Туркия аз вилояти Хатой, маконе, ки наҷотбахшони тоҷик он ҷо ба бартараф кардани оқибатҳои заминҷунбии мудҳиш машғуланд, дидан кард
Sputnik
Сухангӯи КҲФ Умеда Юсуфӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Эрдуғон ба кори имдодгарони тоҷик баҳои баланд дода, ба ҳукумат ва кулли мардуми Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард
Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ҳангоми боздидаш бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданииоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.
Вай ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи мардуми тоҷик, ки дар ин рӯзҳои барои Туркия мусибатовар дар паҳлуи онҳо қарор гирифтанд, кумаки башарӣ равон карданд ва имдодаронашон дар корҳои ҷустуҷӯву наҷоти офатзадагон ҳисса гузоштанд, самимона изҳори сипос кард.