Тормеғу то 18 дараҷа гармӣ: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Ҳарорат дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон рӯй ба гармӣ ниҳода, дар бархе аз минтақаҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барфу борон дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон рӯзона то 18 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ-ро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм шуда, дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва тормеғ фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мегардад.
Ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷанд баста шуд
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мегардад.
Душанберо ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, ҳарорат шабона 3+5 ва рӯзона 16+18 дараҷа гарм дар назар аст.