Орбан: Агар Аврупо ҷанг мехоҳад, бигзор бо таваррум мубориза барад

Маҷористон ҳеч гоҳ аз таҳримҳо алайҳи Русия ҳимоят нахоҳад кард, чун онҳо аллайҳи Маскав равона шудаанд, аммо зиёнашонро Аврупо мебинад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо бояд ба мубориза бо таваррум тамаркуз кунад, на ҷорӣ кардани таҳримҳои нав, ки "силоҳи сиёсати низомӣ" алайҳи Русия аст, аммо ба Аврупо осеб мерасонанд.
Ин нуктаро нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён дошт.
"Агар Брюссел мехоҳад дар ҳар сурат мубориза барад, пас бояд бо таваррум мубориза барад. Ин корро намекунад", - гуфт Орбан.
Вай таъкид намуд, ки таҳримҳо аслиҳаи сиёсати низомии Брюссел мебошанд, ки нишонашон Русия буд, аммо Аврупо ҳадаф қарор гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, "таҳримҳои Брюссел" як "вирус" аст, ки боиси бемории бо номи "таварруми таҳримӣ" дар Аврупо шудааст.
Орбан ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо "ваъда дод", ки таҳримҳо ба низоъ дар Украина хотима хоҳанд дод ва онҳо ба энержии Русия дахл нахоҳанд шуд, аммо дар ҳарду ҳолат ҳам кор сурати дигар гирифт.
Дар баробари ин иттилоъ дод, ки дар Брюссел қимати газ ва қимати нерӯи барқро вобастаи ҳам карданд, ки болоравии қимати газ фавран бо болоравии нархи нерӯи барқ дар пай дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шолтс бо Зеленский дар бораи замони поёни низоъ дар Украина розӣ нест
Мақомоти Маҷористон қаблан борҳо гуфта буданд, ки аз ҳеҷ гуна таҳримот алайҳи энержии Русия пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Ғарб ба далели амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш додааст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.