Идомаи тармафароиҳои харобиовар дар Бартангу Дарвоз

Тармафароиҳо дар минтақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар давоми шабонарӯзи охир низ хисорот ба хоҷагии халқ ва инфрасохтор ворид кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Тармаҳое, ки давоми шабонарӯзи охир дар ВМКБ фаромаданд, талафоти ҷонӣ миёни одамон надоштаанд, аммо ба хоҷагии халқи сокинон зиён расонда, чорворо талаф додаанд.
Ба иттилои КҲФ, шабонарӯзи охир фаромадани тарма, сангрезӣ ва ярч идома ёфт.
Аз ҷумла дар деҳаи Дарҷомчи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон оғизи як сокини маҳаллӣ зери тарма мондаст, ки дар натиҷа 25 cap чорво нобуд гардидаанд.
Дар деҳаи Ширги ноҳияи Дарвоз бар асари резиши санг бинои истиқоматии як сокини маҳаллӣ қисман осеб дида, дар деҳаи Анҷираки ноҳия сангрезӣ иншооти ёрирасони ду сокини ин деҳаро тахриб кардаст.
Ҳаракат миёни марказу шимоли Тоҷикистон барқарор гардид: Барои кӣ иҷозат нест?
Дар деҳаи Курговади ҷамоати деҳоти Вишхарв низ бар асари фаромадани тарма иншооти ёрирасони як сокини ин деҳа қисман хароб шудааст.
Дар баробари ин дар шоҳроҳи Душанбе - Дарвоз - Хоруғ ҳолатҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки чорабиниҳо барои бартараф кардани онҳо идома дорад.
Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд.
Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.