ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ пас аз чанд рӯзи масдудият ба далели шароити бади обуҳаво, дигарбора боз шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ширкати "Innovative Road Solutions", ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории масири Душанбе - Чаноқ машғул мебошад, феълан ҳаракати яксамта иҷозат дода шудааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки мошинҳо метавонанд аз самти Душанбе ба сӯи Хуҷанд ҳаракат намоянд ва дар ояндаи наздик дар назар аст, ки ҳаракат аз шимол ба ҷануб низ боз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои охир навоҳии куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ-ро барфрезии шадид фаро гирифт.
Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд.
Аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб баста мебошанд.
Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.