Корхонае, ки президенти Тоҷикистон дар он устои барқ буд, дигарбора фаъол мешавад

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз модернизатсияи корхонае хабар дод, ки раисҷумҳури кишвар фаъолияти меҳнатияшро аз он оғоз кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев - Sputnik. Корхонаи равғанбарории шаҳри Бохтар фаъол карда хоҳад шуд, иттилоъ дод Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳод, масъулини вазорат бо соҳибмулки корхона дар шаҳри Бохтар дар тамос буда, интизор меравад, ки дар пайи модернизатсия ин корхона фаъол шавад. Интизор меравад, ки дар марҳилаи аввал иқтидори корхона ҳудуди 25 ҳазор тонро ташкил диҳад.
Фаъолсозии корхонаи равғанбарории шаҳри Бохтарро, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар паёмаш ба парлумон ба миён гузошта, гуфт ҳар бори сафараш ба ин шаҳр, ӯро махсусан ба ҳамон кӯчае мебаранд, ки дар он ҷо корхонаи равғанкашӣ фаъолият дошт.
Раҳмон зикр намуд, ки фаъолияти меҳнатияшро аз корхонаи равғанкашӣ дар Бохтар шуруъ намудааст, ки ҳоло валангор аст.
Арзиши доллар коҳиш ёфт, аммо нархи орду равған дар Тоҷикистон боло рафт: чаро?
Ба гуфтаи ӯ, барқарорсозии ин корхона он қадар маблағи зиёд талаб намекунад ва дар хитоб ба мақомдорони Хатлон афзуд, ки ақалан ба он далел, ки роҳбари давлат фаъолиятро аз он ҷо оғоз кардааст, ин корхонаро барқарор кунанд.
Раисҷумҳур масъулинро муваззаф кард, ки дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд.
Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22% таъмин гардида истодааст, гуфт ӯ.
Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70% таъмин мегардад, изҳор дошт президенти Тоҷикистон.