"Яндекc Go" фаъолияти ғайриқонунӣ дорад: мақомот аз боздошти 14 ронанда хабар дод

РВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти 14 ронандаи ин ширкат хабар дод, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд. Ин ниҳод мегӯяд, ширкати мазкур расман ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ширкати "Яндекc Go", ки ҳоло дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул аст, фаъолияти ғайриқонунӣ дорад.
Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода, афзуд, ки ин ширкат расман дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аз ин рӯ фаъолияти он ғайриқонунист.
"Ин ширкат дар қаламрави Тоҷикистон расман сабти ном нашудааст ва фаъолияташ тибқи талаботи қонун ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад", - омадааст дар хабари сомонаи расмӣ.
Зимнан, ин ниҳод аз боздошт кардани 14 ронанда хабар дод, ки дар ширкати мазкур фаъолияти ғайриқонунӣ мебаранд. Раёсат мегӯяд, ронандагон аллакай барои анҷоми фаъолияти мусофирбарӣ бо дигар ширкатҳои нақлиётӣ шартнома баста, ҳамчунин ҳамкорӣ бо ин ширкати ғайриқонунӣ барқарор намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Табарзода, муовини раиси пойтахт низ дар нишасти ахири матбуотӣ ғайриқонунӣ будани ин ширкатро зикр намуд. Ӯ гуфт, ин ширкат ҳоло барои фаъолияти расмӣ дар кишвар сабти ном нашудааст.
Сафири Русия бо шаҳрдории Душанбе рақамисозии пойтахтро баррасӣ кард
Музокирот дар бораи вуруди ширкати "Яндекc Go" дар авоили соли 2023 интизор мерафт ва 15 феврал ин хидмат дар Душанбе дастрас шуд. Таври хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, вақти интизории мошини ин ширкат тақрибан 3-4 дақиқаро дар бар гирифта аз маҳаллаи 102 то Хонаи матбуот 21 сомонӣ пардохт кардааст.
Ба гуфтаи Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, вуруди "Яндекс" ба Тоҷикистон ба манфиати ҷомеа аст. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони "Яндекс" дар кишвар харитаи интернетиро таҳия мекунанд.