ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои арбнок пешгӯӣ шуда, борон ба амал меояд.
Бар хабари Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар, дар ВМКБ дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд.Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ба амал меояд. Рӯзона ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо боришоти сусти борон ба амал меояд. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.