ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар соли гузашта 58,6 ҳазор ҳолати таваллуд ва 10,9 ҳазор ҳодисаҳои фавт ба қаёд гирифта шудааст, ки фавтноки нисбат ба як соли пеш 18 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрванди (САҲШ) ва раёсати адлияи вилояти Суғд Меҳрубону Фармонзода зимни нишасти хабарӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, нишондоди сатҳи таваллуд соли 2021 56 ҳазор нафарро рақам мезад.
“Соли 2022 хушбахтона шумори фавтидагон дар шаҳру навоҳии вилоят коҳиш ёфтааст. Агар соли 2021 - 13,3 ҳазор нафар ба қаёд гирифта бошем дар соли 2022 ин рақам 2,4 ҳазор нафар кам шудааст”, – изҳор намуд, Фармонзода
Омили коҳишёбии ҳолатҳои фавтро дар кам шудани бемори сирояти дар як соли охир арзёби мекунанд.
Ба иттилоъи пизишкон дар соли 2021 ҳам нишонаҳои беморииҳамагри Covid – 19 дида мешуд ва мардум ҳанӯз аз банди он халоси наёфта буданд.
Фармонзода зикр кард, ки соли гузашта 2,5 ҳазор ҳолати афзоиши таваллуд дар миқёси вилоят ба кайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Бар асоси гузориши Бонки Авруосиёии Рушд, аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон пешсаф мебошад.
Аҳолии кишвар тайи 20 соли охир ҳудуди 60% афзоиш ёфтааст. Шумори тоҷикистониҳо дар 20 соли қабл 6,2 млн нафар ва феълан ҳудуди 10 млн арзёбӣ шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми июли соли 2022 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар баробар шуд.