Пас аз дарёфти 196 ҷасад дар Қаҳрамонмараш имдодгарони тоҷик ба Хатой рафтанд

КҲФ мегӯяд, кори имдодгарони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия ба анҷом расид ва ҳамакнун онҳо корҳои ҷустуҷӯиро дар Ҳатай идома медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон аз Қаҳрамонмараши Туркия ба шаҳри Хатой ба хотири бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи даҳшатбор сафарбар шуданд.
Дар ин бора, дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, кори 50 мутахассиси тоҷик дар Қаҳрамонмараш анҷом ёфт ва акнун онҳо харобаҳои шаҳри Хатойро бартараф мекунанд.
Ин манбаъ афзуд, наҷотдиҳандагон дар як муддати кӯтоҳ се нафарро дар Қаҳрамонмараш зинда аз зери биноҳои фурӯрехта берун оварданд, ки миёнашон ду кӯдак буданд.
Наҷотбахшон дар Туркия зери харобаҳо 2 млн доллар пайдо карданд
Илова бар ин, бо заҳмати наҷотбахшони тоҷик ҷасади 196 нафар аз зери харобаҳо берун оварда шуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Тибқи маълумотҳои охир, бар асари ин офати табиӣ беш аз 39 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.