ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бо супориши Президенти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд.
Дар ин бора зимни нишасти матуботӣ гуфт Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.
Кумаки башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳад буд.
“Дар мавриди фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик аз ҷониби Сурия дархост нарасидааст. Бояд гуфт, ки мо ба Туркия кумаки башардӯстона расонидем ва 50 нафар наҷотдиҳандагон низ ба ин давлат фиристода шуданд. Соли гузашта Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки аз обхезӣ зарар дид, кумаки башардӯстона расонида буд”, — иттилоъ дод вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Ёдовари мекунем, ки қаблан Тоҷикистон ба шаҳрҳои Туркия, ки аз заминларза осеб дидаанд, кумаки башардӯстона фиристод.
Маблағи умумии ёрӣ ба сокинони шаҳрҳои харобшуда қариб 100 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин аз ҷумҳурӣ 50 нафар наҷотдиҳандагон, ҷарроҳон ва травматологҳои ботаҷриба ба Туркия рафтанд.
Бузургтарин заминларза дар 100 соли ахир бо шиддати 7,7 дараҷа рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш дар ҷанубу шарқи Туркия рух дод.
Заминларза ва садҳо ларзиш дар 10 вилояти ин кишвар ва ҳамчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Сурия, эҳсос шуд, ки он низ осеб дидааст.