ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Ба иттилои вазорати молияи Тоҷикистон дар ин давра барои таъмини фаъолияти сиёсати берунаи кишвар аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 230,4 млн. сомонӣ равона шудааст.
Ҳамзамон вазорати молия қайд кардааст, ки ҳукумати кишвар барои хизматрасонии қарзи дохилӣ 688 млн. сомонӣ ва барои хизматрасонии қарзи берунаи ҷумҳурӣ 254,6 млн. доллар пардохт кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода шуда буд, ки қаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 3 миллиарду 200 миллион долларро ташкил додааст, дар ҳоле ки як моҳ пеш он 3,7 миллиард доллар эълон шуда буд.
Ҳамин тариқ, аз руи маълумотҳои оморӣ аҳолии ҷумҳурӣ то имрӯз 10 миллион нафар аст.
Агар қарзи беруниро ба сари ахолии кишвар таксим кунем, пас ба ҳар як сокини кишвар 325 доллар рост меояд.
Дар мавриди қарзи давлатӣ дар ин муддат он 3,1 миллиард доллар ташкил додааст.
Қарзҳои аз ҷониби давлат кафолат додашуда 144 миллион долларро ташкил дод.
Қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар қаблан аз 3,7 миллиард доллар қарз таъкид карда буд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёдтар аст.
Қарзи дохилӣ 460 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 46,3 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣро ташкил медиҳад.