ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 69 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуда, ин ҳолат метавонад рӯзҳои наздик идома дошта бошад.
Ба иттилои КҲФ, барф дар навоҳии кӯҳиии ВМКБ ба шиддат борида, хатари тарма ва резиши санг рафъ нашудааст, роҳҳо аксаран бастаанд.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб баста мебошанд.
Зикр гардидаст, ки ахиран дар деҳаи Гожаки ҷамоати деҳоти Ғарибшои ноҳияи Шуғнон бар асари лағзиши тарма як духтари 14-сола ба ҳалокат расид.
Ба ҳолати субҳи рӯзи 17-уми феврал шумори ҳалокшудагон дар тармарезиҳои ахир ба 17 нафар расид, ки 16 нафари онҳо дар ВМКБ ва 1 нафар ба Варзоб рост меояд.
Дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ 11 ҳодисаи лағзиши тарма, дар қаламраи ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш 14 ҳодисаи тарма сабт шуд, ки ҳаракатро масдуд кардаанд.
Таъкид шудааст, ки ҳамаи воҳидҳои наҷоти КҲФ дар ҳоли омодабоши қатъӣ қарор доранд.
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои сарду бориши барфро дар ҷумҳурӣ то 19-уми феврали соли равон пешбинӣ карда, афзудааст, ки хатари лағзиши тармаву регу санг ҳамоно боқӣ мемонад.
Аз аҳолӣ даъват шудаст, ки аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои тармахез, шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум худдорӣ кунанду ронандаҳои қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя намоянд.