ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли осоиштаи муноқиша дар Украина аст, ки давоми як соли охир идома дорад.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар посух ба вазъи миёни Украина ва Русия изҳор дошт.
“Мо бо Русия, ки шарики стратегиямон аст ва ҳам бо Украина муносиботи хуб дорем ва тарафдори онем, ки ин муноқишаҳо бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳалли худро ёбад”, - афзуд вазир
Чун дигар шарикон мо низ манфиатдорем, ки сулҳу амониро дар фазои ИДМ ва берун аз он бубинем, афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
Дар зимн кишварҳои ғарбӣ таъминоти аслиҳа ба Киевро таҳким бахшидаанд, ки ба иттилои Маскав ба шиддат додани вазъ дар Украина равона гардидаанд, аммо ба аҳдофи гузоштаи Русия таъсире нахоҳанд дошт.