Ҷамбасти мусобиқаи тирпарронӣ байни бонувон дар Суғд – видео

Мусобиқаи тирандозӣ барои дарёфти унвони “Бонуи шуҷоъ” даҳҳо занону бонувонро аз шаҳру навоҳии мухталифи вилояти Суғд гирди ҳам овард
Sputnik
Ин мусобиқа аз ҷониби Идораи кор бо занон ва оила баргузор шуда, ҳадафи он рушди варзиши тирандозӣ ва мустаҳкам намудани робитаи бонувони варзишгар дар шаҳру навоҳии кишвар гуфта мешавад.
Турсунмурод Қаюмбоев, сардори бошгоҳи тирпарронии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофия дар вилояти Суғд гуфт, ки мусобиқаи тирпарронӣ аз рӯи силоҳи варзишии пневматикӣ дар масофаи 10 метр доир карда шуд.
“Бонувоне, ки ҷойҳои 1, 2 ва 3 ро ишғол намуданд барои дарёфти унвони “Бонуи шуҷоъ” дар даври ниҳоии мусобиқа дар шаҳри Душанбе иштирок мекунанд” – гуфт, ӯ.
Умарзода Зайнура, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ ҳам аз иштирокчиёни ин мусобиқа буд. Ӯ, гуфт, ки дар ноҳия бонувони зиёд ба ин намуди варзиш шавқ доранд.
“Албатта занон такя ба мардҳо мекунанд. Дар навбати худ занон ҳам аз ҷасорати баланде бархурдоранд. Барои дифоъи марзу буми Ватан агар мардҳо дар қисми сафарбарӣ меистанд, занон дар ақибгоҳ ҳама талошро барои ҳифозати оила ва кишвар мекунанд”, - зикр кард, Умарзода.
Дар даври вилоятии мусобиқаи тирандозӣ бонувон қариб аз ҳама шаҳру навоҳии Суғд иштирок кардаанд.
Маълум шуд, ки Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад
Тибқи натиҷабардории доварон, дастаи бонувони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи 1 ва дастаҳои шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ашт мақомҳои 2 ва 3 ро соҳиб шудаанд.
Инчунин дар миёни мусассисаҳои таҳсилоти олӣ Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Коллеҷи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барандагони мақоми аввал ва дуюму сеюми ин мусобиқа гардиданд.
Намояндагони ширкати “GAZ Group”-и Русия ба Тоҷикистон омаданд
Даври ниҳоии мусобиқаи “Бонуи шуҷоъ” дар миёни иштирокчиён аз шавҳру навоҳии кишвар дар шаҳри Душанбе доир карда хоҳад шуд.