ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Рӯзҳои 22 — 24-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" баргузор мегардад, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи ярмаркаи IX байналмилалии савдо "Суғд-2023"- дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Интизор меравад, ки дар доираи ярмаркаи IX байналмилалии савдо “Суғд-2023” Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ баргузор гардад.
Чунин ярмарка дар вилоят бори нуҳум доир мегардад ва соле қабл дар ин чорабинӣ беш аз 400 соҳибкор аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Хитой, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Беларус ва Қазоқистон ширкат варзида, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, инчунин зарфияту имконоти соҳаҳои саноату кишоварзӣ ошно гардида, 60 созишномаи нави ҳамкориро ба имзо расониданд.