Теъдоди қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 19 нафар расид

Ҷустуҷӯи қурбониёни офати табиӣ то имрӯз идома дорад. Барои ин наҷотдиҳандагон аз КҲФ, ихтиёриён ва ҳатто низомиён ҷалб шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бар асари фаромадани тармаҳои рӯзи 15 феврал дар Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ба гуфтаи Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ, 16 нафар, аз ҷумла 11 зан, 3 кӯдак ва 2 мард дар Хоруғ ба ҳалокат расиданд.
Дар ноҳияи Ванҷ низ 2 нафар ҳалок шуда, як тани дигар низ дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб зери тарма ҷон дод.
Илова бар ин, боз ду сокини ноҳияи Ишкошим зери тарма нопадид шудаанд, ки ҷустуҷӯйи онҳо идома дорад.
Ҳамдардии Раҳмон ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда дар Хоруғ
Назарзода афзуд, оилаҳое, ки манзилҳояшон аз офати табиӣ осеб дидаанд, бо манзили муваққатӣ, ғизо ва маводи ниёзи аввалия таъмин шудаанд.
Илова бар ин, хонаҳои сокинони ВМКБ, ки зери хатари резиши тарма қарор доранд, ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи фаромадани тарма 4 бинои истиқоматӣ тахриб шуда, 35 бинои дигар қисман ва 5 иншооти иқтисодӣ низ осеб дидаанд.
Қаблан КҲФ хабар дода буд, ки тибқи пешгӯии обуҳаво хатари фаромадани тарма то рӯзи 19 феврал идома хоҳад дошт ва ҳамчунин хостори худдорӣ аз сафарҳои тӯлонӣ ба манотиқи тармарез шуда буд.