ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тармаҳои маргбор дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ ва масири Душанбе-Хуфҷанд қурбониву харобиҳои зиёд дар пайи дошт.
Сухангӯи КҲФ, Умеда Юсуфӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар умуму теъоди ҳалокшудаҳо бар асари тармафароии рӯзи 15 феврал ба 15 нафар расид.
"Бар асари тармарезӣ 14 нафар дар ҳудуди ВМКБ, як нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ба ҳалокат расида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд",- афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, бар асари фаромадани тарма 4 бинои истиқоматӣ ва 5 иншооти маишӣ қисман ва 35 бинои истиқоматӣ қисман осеб диданд.
Ҳамчунин зуҳри ин рӯз дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар натиҷаи фаромадани тарма ронандаи 47-солаи яке аз мошинҳо ба ҳалокат расидааст, ки ҷасади ӯро наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар ду қитъаи ин роҳ навбатдорӣ мекарданд, берун оварданд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Комиссияи вилоятӣ оид ба вазъияти фавқулода зарарро муайян мекунад.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, хатари фаромадани тарма то 19 феврал боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо изҳори ҳамдарӣ ба оилаҳои қурбониён, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, дархост мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро, ҳушёр ва боэҳтиёт бошед.
Қаблан Кумита хабар дода буд, ки бинобар гарм шудани рӯзҳои ахир ва боришот хатари фаромадани тарма дар манотиқи ғарбии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҳамчунин дар роҳи Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе — Лахш, Хоруғ — Мурғоб, Хоруғ — Ишкошим боқӣ мемонад.