ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бори аввал соҳаи саноати Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар кишвар ба 43 миллиард сомонӣ расонд, гуфт дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Шерали Кабир.
Ба гутаи вай дар ин давра рушди соҳаи саноат 120 дарсад таъмин гардидааст.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 43 миллиард сомониро ташкил дод, ки рушди он ба 115,4 дарсад баробар ва нисбат ба соли 2021-5,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Дар давраи ҳисоботӣ, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 61,4 дарсад ба саноати коркард, 20,4 дарсад ба саноати истихроҷ, 17,8 дарсад ба таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ тозакунии ҳаво, 0,4 дарсад ба соҳаи таъминоти обтозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа рост меояд.
Ҳамзамон вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар соли гузашта дар кишвар 505 корхонаву коргоҳи нави бунёд гардидааст.
Вай афзуд, дар соли гузашта дар ин корхонаҳои навбунёд тақрибан шаш ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуд.