ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти вилояти Суғд бо намояндагони ширкати “GAZ Group”-и Русия баргузор гардид, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Манбаъ хабар додааст, ки баъд аз чанд рӯз пас аз имзои созишномаҳои ҳамкорӣ намояндагони ширкати “GAZ Group” барои шиносоӣ бо вазъи соҳаи саноат ва имконият барои тавсеаи ҳамкорӣ ба вилояти Суғд омаданд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи стратегӣ эълон гардида, бунёди корхонаҳои гуногун идома дорад.
Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот гуфт, ки соҳибкорони рус метавонанд бо вазъи корхонаҳои саноатии вилоят шинос шаванд ва барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак саҳми арзанда гузоранд.
Намояндаи ширкати “GAZ Group” ба мақомоти Суғд вобаста ба мошинҳои дар ширкат истеҳсолшаванда маълумот дод.
Ёдовари мекунем, ки дар ин корхонаи азими саноатӣ нақлиёти мусофиркашони автобусу микроавтобусҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва дигар нақлиёти хизматӣ истеҳсол карда мешаванд.
Инчунин намояндагони ширкат ҳамзамон бо ҷараёни истеҳсолот дар якчанд корхонаҳои вилояти Суғд шинос гардида, омодагии худро бо истифода аз имконият барои таҳкими ҳамкорӣ иброз карданд.
Ҳамзамон намояндагони ширкати “GAZ Group” аз корхонаҳои “Тоҷфилиз” ва “Хуҷанд-ЗИЛ” боздид намуда, бо ҳамтоёни тоҷики худ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдрас мешавем, ки 8-12 феврал намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд ба вилояти Нижегороди Русия сафари корӣ анҷом дода, бо соҳибкорону ширкатҳои истеҳсолии ин вилоят созишномаҳои ҳамкорӣ имзо намуда буданд.