Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Намояндаи САҲА : Интиқоли аслиҳа ба Киев боиси авҷ гирифтани ҷанг мешавад

Муовини намояндаи доимии САҲА ахиран эълон кардааст, ки интиқоли аслиҳа ба Киев дарҳо барои ҳалли низоъ бо роҳи дипломатиро мебандад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Интиқоли аслиҳа ба Украина на танҳо роҳҳои дипломатиро мебандад, балки мустақиман боиси авҷ гирифтани низоъ мешавад, гуфт зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА муовини намояндаи доимии Русия дар ин созмон Максим Буякевич.
"Мо бемаънӣ будани... изҳоротҳоро ... қайд мекунем, ки интиқоли аслиҳа ба Украина сулҳро наздиктар мекунад ва ба дипломатия халал намерасонад”,- гуфт ӯ.
Вай таъкилд кард, ки дар воқеъ, онҳо на танҳо роҳҳои дипломатиро мебанданд, балки инчунин мустақиман боиси шиддат ёфтани низоъ мегардад.
Украина Афғонистони дуюм мешавад?
Вай гуфт ба режими Киев умедҳои дурӯғ надиҳед, ки "онҳо дар майдони ҷанг ғалаба" мекунанд.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.