Ҳамдардем: Путин ба Раҳмон барқияи таслият ирсол кард

Президенти Русия ба кишвардори Тоҷикистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари тармарезии фоҷиабори ахир дар кишвар изҳори ҳамдардӣ баён кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба оқибатҳои тармарезӣ дар ҷумҳурӣ изҳори изҳори ҳамдардӣ баён кард.
"Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, ҳамдардии амиқи моро дар робита ба оқибатҳои фоҷиабори тармафрезӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қабул намоед", - омадааст дар барқияи таслия раҳбари Русия.
Вай инчунин ба ҳамаи осебдидагон аз офати табиӣ шифо комили ҳарчи зудтар таманно карда, аз онҳо хоҳиш кардааст, ки ба наздикону пайвандони қурбониён суханони самимии ҳамдардиашро бирасонанд.
Раҳмон ба Эрдуғон номаи ҳамдардӣ фиристод
Ёдовари мекунем, ки мумори қурбониёни тармарезии рӯзи 15-уми феврал дар ВМКб ба 16 адад расид.
"Ёздаҳ нафар аз фавтидагон зан, се нафар кӯдак ва ду нафар мард буда, нӯҳ тан сокини ноҳияи Мурғоб, ду сокини шаҳри Хоруғ, як сокини ноҳияи Роштқалъа ва як сокини ноҳияи Рӯшон мебошанд", - иттилоъ додааст КҲФ.
Ҳамзамон ҷустуҷӯи ду сокини ноҳияи Ишкошим, ки бе ному нишон мебошанд ва донишҷӯ буданд, аз ҷониби кормандони КҲФ, ихтиёриён ва низомиён идома дорад.