Дар шабакаҳои иҷтимои видео нашр шуд, ки дар он оқибати тармарезӣ дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ дида мешавад.
Дар ин навор биное зери барф мондааст, аммо комилан хароб нашудааст.
Дар ҳоли ҳозир, шумори қурбониёни тармарезии рӯзи 15-уми феврал дар ВМКб ба 16 адад расид.
"Ёздаҳ нафар аз фавтидагон зан, се нафар кӯдак ва ду нафар мард буда, нӯҳ тан сокини ноҳияи Мурғоб, ду сокини шаҳри Хоруғ, як сокини ноҳияи Роштқалъа ва як сокини ноҳияи Рӯшон мебошанд", - хабар додааст ҳукумати вилоят.
Ҳамзамон ҷустуҷӯи ду сокини ноҳияи Ишкошим, ки бе ному нишон мебошанд ва донишҷӯ буданд, аз ҷониби кормандони КҲФ, ихтиёриён ва низомиён идома дорад.