ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Дар ширкатҳое, ки ба хизматрасонии ҳуҷҷатгузории восиатаҳои нақлиёт дар вилояти Суғд машғуланд шарҳ доданд, ки дар соли нав пардохти андози роҳ чи қадар баланд шудааст.
Бино ба иттилоъи манобеъ соли ҷорӣ пардохти андози роҳ ё “қувваи асп” ба 5,1 сомонӣ баробар шудааст.
“Дар пайи боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо соли ҷорӣ андози роҳ барои воситаҳои нақлиёт 0,3 сомонӣ баланд шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба як соли пеш 6 дарсад зиёд мебошад” – гуфт, манбаъи Sputnik Тоҷикистон
Пардохти ин намуди андоз аз рӯи тавонии муҳаррики нақлиёт сурат мегирад. Ба ин тартиб соҳибони воситаҳои нақлиёт муваззафанд, ки аз рӯи ҳар як “қувваи асп” и иқтидори муҳаррики мошинашон 5,1 сомонӣ андози роҳ супоранд.
Дар соли 2021 пардохти ин навъи андоз дар кишвар 4,8 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бар пояи маълумотҳои оморӣ, Тоҷикистон аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки қимати андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ барои гузаронидани муоинаи техникии мошинҳо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамҷавор аз ҷумла Узбекистон гарон арзёбӣ мешавад.
Дар Узбекистон арзиши пардохти ҳаққи муоинаи техникии мошинро аз ҳисоби харидорӣ шудани маводи сӯхт дар нуқтаҳои давлатии фурӯши сӯзишворӣ баробар мекунанд, ки кор барои соҳибони воситаи нақлиёт то андозае сабук меуфтад.
Дар Тоҷикистон фурӯши маводи сӯхтро умдатан ширкатҳои хусусӣ ба зима доранд ва ба роҳ мондани чунин зимнан ғайриимкон гуфта мешавад.