Афзоиши назарраси истеҳсоли семент дар Тоҷикистон

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълон кардааст, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 4,3 миллион тонна семент тавлид шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Корхонаҳои соҳаи сохтмони Тоҷикистон соли гузашта ба маблағи беш аз 3,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир.
Ба гуфтаи вазири тоҷик ин рақам нисбат ба як соли қабл 600 миллион сомонӣ ё 18,4 дарсад зиёд аст.
Ҳиссаи корхонаҳои сементбарорӣ дар истеҳсоли умумии масолеҳи бинокорӣ 65 дарсадро ташкил додааст.
Афзоиши истеҳсоли семент дар вилояти Суғд
“Дар ин давра 4,3 миллион тонна семент истеҳсол карда шуд. Ин рақам нисбат ба як соли пеш 72,5 хазор тонна зиёд аст”, - Шералӣ Кабир.
Ҳаҷми содироти семент дар соли гузашта ба 1,3 миллион тонна расида маблағи умумии он 480,5 миллион сомониро ташкил додааст.
Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар соли гузаҳта 965 ҳазор тонна ба Узбакистон, 412,4 ҳазор тонна ба Афғонистон семент содирот шудааст.