Ҳадди ақал 9 кас дар ВМКБ ҷон дод: Тафсилоти тармафароиҳои харобиовар

Дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бар асари барфрезию тармафароӣ 9 нафар ҷон бохтанд, ки 8 нафарашон ба шаҳри Хоруғ рост меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тармаҳои маргбор дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ рух додаанд, ки даҳҳо хонаро низ тахриб кардаанд.
Сухангӯи КҲФ, Умеда Юсуфӣ ба Sputnik Тоҷикистон ҳалокати 8 нафарро бар асари тармафароӣ дар шаҳри Хоруғ ва як нафарро дар ноҳияи Ванҷ тасдиқ кард.
Дар маҷмуъ дар ВМКБ муттаасифона 9 нафар ба ҳалокат расидаанд, афзуд ӯ.
Дар баробари ин ҷони 9 нафари дигар наҷот дода шудааст, изҳор дошт сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.
"Ҳамчунин тарма 22 манзилро дар Хоруғ тахриб кард, ки аз миён 4 хона пурра ва 18 манзил қисман хароб гардиданд", - илова намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки тармаи маргбор пеш аз зуҳри15 феврал дар маҳаллаи Шошхоруғи шаҳри Хоруғ рух дода, хонаҳоро зер кард.
Талафоти ҷонию суҳбати Раҳмон бо раиси ВМКБ: вилоят дар чӣ ҳол аст?
Дар ҳамин ҳол сокинони ВМКБ мегӯянд, бар асари офати табиӣ бисёре аз мактабу коргоҳҳо баста шуда, ҳаракат дар роҳҳо низ масдуд аст. Барқ дар бисёри минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.
Ҳавошиносон мегӯянд, барфрезии шадид дар минтақа метавонад то 19 феврал идома ёбад.