ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Аз барфкӯчҳои ахир дар шаҳри Хоруғ консулгарии кулли Афғонистон низ осеб дида, аммо талафоти ҷонӣ надоштааст, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Зоҳир Ағбар.
Консулгарии кулли Афғонистон дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, соҳили рости дарёи Ғунд ҷойгир буда, дар он ҳудуди 10 нафар кор мекунанд. Нақибуллоҳ Деҳқонзода, генерал-консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аст.
Барфкӯчи ахир дар Хоруғ талафоти зиёди моливу ҷонӣ ба ҷой гузошт.
Бино ба иттилоъи манобеъ аз Хоруғ, соати 9.45 замоне, ки барфкӯчи бузург иттифоқ афтод, кормандони консулгарии кул дар маҳалли кории худ қарор надоштанд.
“Азбаски ҳаво сард буд, аз кормандон хоҳиш карда шуд, ки дар хонаҳои худ бимонанд. Аз шамоли тарма бомҳои биноҳои зиёде дар шаҳр низ паронда шудаанд, ки дар қатори онҳо боми консулгарӣ низ буд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 нафар, ба шумули як писару духтари чорсола ва чаҳор зан ба ҳалокат расида, то соати 14:00 дақиқаи рӯзи 15-уми феврали соли 2023 нуҳ сокини шаҳр наҷот дода шуданд.