Қарори Рустами Эмомалӣ барои таҷлили сазовори 23 феврал ва 8 март: Чӣ гуна?

Дар баробари намоишу чорабиниҳои фарҳангӣ, инчунин аёдати собиқадорони артиш, кумак ба ниёзмандону дастгирии оилаҳои низомиёни ҳалокшуда дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Кумитаи тадорукот, таҳти раёсати ноиби шаҳдори Душанбе Дилбар Одилзода омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи артиш - 23 феврал ва Рӯзи модар - 8 мартро баррасӣ кардааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, қарорҳои раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе аллакай ба имзо расидаанд.
Ноиби шаҳрдори Душанбе пеши масъулин барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ду ҷашн вазифа гузоштааст.
"Дар натиҷаи эҳсоси масъулияти баланд ва ҳамаҷониба равона сохтани маҳорату малака ва сарҷамъона фаъолият намудани соҳторҳо, ин чорабиниҳо чун пештара дар сатҳи баланди касбӣ хоҳанд гузашт", - изҳори боварӣ намудаст Одилзода.
Аз тракторчӣ то кафшергар: Омодасозии мутахассисон барои артиши Тоҷикистон
Маврид ба зикр аст, ки 23 феврали соли равон аз рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон расо 30 сол пур мешавад.
Бахшида ба ин солгард, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, озмунҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, маросими қадрдонии хизматчиёнӣ ҳарбӣ барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар сафи артиш бо медалу ифтихорномаҳо дар назар аст.
Ҳамчунин тақдими рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳоди барномаҳои консертӣ, намоиши аксу мусаввараҳои таърихӣ аз бандҳои дигари барномаи ҷашнӣ мебошанд.
Аёдати собиқадорони қувваҳои мусаллаҳ, дастгирӣ намудани узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, арҷгузорӣ нисбат ба афсарону сарбозони ҳалокгашта ва даҳҳо чорабиниҳои дигар аз дастуроти дигари шаҳрдории Душанбе муаррифӣ шуданд.