Муҳлати сабти симкортҳо дар Тоҷикистон тамдид шуд

Президенти Тоҷикистон барои тамдиди муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаи нав муҳлат додааст, то мардуми кишвар ранҷ накашанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи нав дар Тоҷикистон, ки то 15 феврали соли 2023 муқаррар шуда буд, тамдид гардид.
Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки муҳлати сабти симкортҳо барои як соли дигар тамдид гардид.
Кори симкортҳое, ки ҳанӯз бо шиносномаи ҷадид сабт нашудаанд, қатъ нагардид, чун президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қарор кардааст, муҳлат як соли дигар тамдид шавад, иттилоъ дод вазир.
Ба гуфтаи ӯ, дар зимн бояд давоми ин сол бо мардум кор кард, то шиносномаи нав гиранду симкорташонро бар асоси он сабт кунанд.
Дастури генерал Раҳимзода барои тезондани сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаи нав
Вай тавзеҳ дод, ки ин масъалаи амниятӣ мебошад, чун сохторҳои дахлдор бояд донанд, ки кадом симкорт ба номи кӣ сабт гардидааст.
Ахиран муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, иттилоъ дода буд, ки аз миёни беш аз 2 млн симкорте, ки то ҳол бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 дар қайданд, беш аз 880 ҳазорашон фаъол мебошанд.
Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳанӯзи соли 2016 дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ қабул шуда буд, ҳамаи муштариёни алоқаи мобилӣ бояд симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ID, намунаи cоли 2014 аз нав ба қайд гиранд, ки то ҳол пурра иҷро нашудааст.