Мошин бо 10 мусофир дар ВМКБ зери тарма монд: Ҳушдори КҲФ ба аҳолӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳолатҳои тармафароӣ ҳушдор дода, таъкид намудаст, ки хатар то 17 феврал боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мошин бо 10 мусофир зери тарма монд, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур дар километри 8-уми роҳи Хоруғ - Роштқалъа, рух додааст.
Манбаъ меафзояд, дар лаҳзаи лағжиши тарма аз ин роҳ микроавтобус бо 8 мард ва 2 зан мегузашт, ки дар натиҷа тарма мошинро ба ҷарии панҷметрӣ сарозер кард.
"Ҳар 10 мусофир зинда монда, танҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд ва ҳамон лаҳза ҳамаи онҳо ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол дода шуданд", - омадааст дар хабари КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳавои номусоид аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод ҳамчунин ҳолатҳои фаромадани тарма дар роҳҳои гуногуни ВМКБ-ро таъкид намуда, афзуд, ки барои чанд муддат масирҳои Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Кӯлоб – Душанбе муваққатан баста буданд.
Наҷотдиҳандагон аз хатар дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои мушкилгузару тармахези дигар навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кардаву ҳар лаҳза омода кӯмак ба ронандагону мусофирон мебошанд.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон бар асари бориши барфу борон ва болоравии дамои ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17-уми феврали соли равон хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад.