ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон нисбати 10 нафар барои дидаю дониста олуда кардани афроди дигар бо вируси норасоии масунияти одам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ВУД, муттаҳамон огоҳона 86 нафари дигарро ба вируси норасоии масунияти одам мубтало кардаанд.
Вазир таъкид намуд, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон асосан аз тариқи сӯзандоруи маводи мухаддир ва фоҳишагарӣ паҳн мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри соли 2022-ум 1037 ҳолати сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 922 нафар баробар буд.
Яке аз ҳадафи асосӣ дар самти фаъолият ин фарогирӣ ба табобати зиддиретровирусӣ мебошад. Дар соли 2022 ҳамагӣ 1283 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1007 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудаанд, афзуд Вазорати тандурустӣ.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз табобати вируси масунияти одам ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда, дар сурати огоҳона қасди сироят ё мутало кардани афроди дигар парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.
Моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ барои таҳти хавфи сироят бо ВНМО гузоштани шахси дигар то 2 соли зиндон, барои мубтало кардан аз 2 то 5 сол, барои сирояти 2 ё зиёда ва шахси ноболиғ аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.