ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Яке аз сабабҳои болоравии нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон дар соли гузашта эълони таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия эълон гардид.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ҷаҳиши нархҳо дар ҷумҳурӣ асосан дар моҳҳои март - май ба қайд гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки дар давоми ин моҳҳои баҳори соли гузашта нархҳо дар Тоҷикистон беш аз 3% боло рафтанд.
Дар маҷмуъ дар давоми сол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 5,2%, молҳои ғайрихӯрока 4% ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,9% афзоиш ёфтаанд, илова намуд Бонки миллӣ.
"Болоравии нархҳо асосан дар натиҷаи мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ дар ҷаҳон, инчунин ҷорӣ гардидани таҳримҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбат ба кишвари шарики асосии тиҷоратӣ ба назар мерасад", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардид, ки дар пайи ин сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба 4,2% баробар гардид, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли қаблӣ 3,8% кам мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, ҳамчунин ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар барои дарёфти рӯзияшон ба ФР ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон аз омилҳои асосии таъмини эътидоли иқтисодию иҷтимоӣ дар кшвар арзёбӣ мегардад.