Бонки миллӣ гуфт чиқадар захираи тиллою арзӣ дорад

Тибқи меъёрҳои ниҳодҳои байналмилалӣ Бонки миллии Тоҷикистон захоири тилло ва асъории гуногунашро афзоиш додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бонки миллӣ захоири тиллову асъорро аз 5 то 12% афзоиш ёфтааст, гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода.
Вай афзуд, ки захоири тилову асъории кишвар ба талаботи ниҳодҳои байналмилалӣ, ки барои кишварҳои дорои иқтисоди мушкил ҳастанд, монанди Тоҷикистон мувофиқат мекунанд.
"Соли 2022 ҳиссаи тилло дар сохтори захираҳои тиллою асъори мо аз 5 то 12 дарсад афзоиш ёфт", - гуфт раиси Бонки миллӣ.
Ба гуфтаи Холиқзода, қисми асъори захираҳои байналмилалӣ диверсификатсия шуда, ба он арзҳои монанди евро ва юан шомиланд.
Кашфи 10 кони нави тило дар Тоҷикистон
Сохтори захираҳои байналмилалӣ дар охири соли 2022 инчунин бо назардошти маблағҳои махсуси қарзии 86 дарсад, тиллои монетарӣ тақрибан 12 фоиз ва сандуқи сармоягузории хориҷӣ 2 фоизро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли беш аз 20 сол Тоҷикистон захираҳои тиллову асъории худро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст: тибқи маълумоти ахир, онҳо ҳудуди 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад.