Афзоиши назарраси кортҳои пардохтии бонкӣ дар Тоҷикистон

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд ба дорандагони кортҳои пардохтии кишвар 1724 банкомат ва 6004 терминалҳои электронӣ хизмат мерасонанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Шумори кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 5,1 миллион ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,5 дарсад зиёд мебошад.
Дар ин бора масъулини Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ теъдоди ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 6,3 млн. ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2,8 млн. адад (79,1 дарсад) афзоиш ёфтааст.
Дар Тоҷикистон шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ беш аз 50% афзоиш ёфт
Ҳамзамон ба иттилои масъулони Бонки миллӣ, барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон аз ҷониби 21 ташкилоти қарзии ватанӣ 1724 банкомат ва 6004 терминалҳои электронӣ насб карда шудаанд.
“Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 шумори банкоматҳо дар кишвар 312 адад ва терминали электронӣ 1126 адад зиёд шудааст”,- қайд кардаанд масълуни Бонки миллӣ.
Хабар дода шуд, ки дар соли гузашта дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 3,4 миллион амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағит 8,2 млрд. сомонӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба соли 2021 аз рӯи шумора 46,3 дарсад ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 2,3 маротиба афзоиш ёфтаанд.