ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Фишор аз ҷониби кишварҳои бегона ва таҳримҳо бароитақвияти ҳамкориҳо миёни Русия ва Эрон монеа шуда наметавонад, гуфт, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт.
"Маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ бараъкс қисман ҳатто ба таҳкими тамоюлҳои мусбате, ки дар солҳои қаблӣ дар робита ба афзоиши тиҷорати Русия ва Эрон ба вуҷуд омада буданд, мусоидат хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Ҳамин тавр, хонум Захарова афзуд изҳороти интиқодии раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон алайҳи Теҳронро марбут ба ҳимояи Русия шарҳ дод.
Ба гуфтаи сиёсатмадори фаронсавӣ, ҳамкориҳои Эрон бо Русия метавонад боиси таҳримҳои иловагӣ ва афзоиши бунбасти байналмилалӣ шавад.
Захарова таъкид кард, ки ду тараф "бидуни андешаикишварҳои ғарб" шарикии мутақобилан судманд месозанд.
Вай ёдовар шуд, ки то охири соли 2022 гардиши мол миёни Русия ва Эрон беш аз 20 дарсад афзоиш ёфта, ба марзи 5 миллиард доллар наздик мешавад.
"Соҳибкорон барои худ бозорҳои нав боз мекунанд ва ҷойҳои фоидаоварро ишғол мекунанд. Зерсохторҳои логистикӣ ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳо тадриҷан танзим карда мешаванд", - гуфт хонум Захарова.
Вай илова кард, ки тақвияти ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои муҳим ба манфиати мардуми Русия ва Эрон аст.