Суғдро бозсозии густурдаи чаҳор роҳ интизор аст

Санаи оғози бозсозии шоҳроҳҳои Куруш - Бекобод, Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз ва Конибодом - Кучкак маълум шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Сохтмони чаҳор қитъаи роҳи мошингарди Суғд моҳи марти соли 2023 оғоз мешавад.
Дар ин бора раиси Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди вилоят Шуҳрат Ашӯрзода изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби тарҳи марҳилаи чаҳоруми барномаи “Беҳсозии долонҳои нақлиётии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” чаҳор роҳ бозсозӣ мешавад: Куруш - Бекобод, Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз ва Конибодом - Кучкак.
Ба Тоҷикистон барои таҷдиди ду роҳи мошингард 800 ҳазор доллар медиҳанд
Кор дар тамоми марҳилаҳои барнома дар фасли баҳор оғоз мешавад ва дар худи лоиҳа азнавсозии қитъаҳои бо дарозии умумии зиёда аз 50 километр пешбинӣ шудааст.
"Дар лоиҳа сохтмони 11 пули нав бо дарозии умумии 444 метр пешбинӣ шудааст", - навиштааст хабаргузории Sugdnews ба нақл аз Ашӯрзода.
Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва корпоратсияи чинии China Railway Wuju дар бораи ин сохтмон ба маблағи 56,6 миллион доллар созишнома ба имзо расонида буданд.