СПАД: Ҷангиёни афғонии ДОИШ* дар наздикии сарҳадоти Тоҷикистон мутамарказ шудаанд

Таҳдиди аслӣ ба субот барои минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар шомили Афғонистон мустақар шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ ба 6500 нафар расидааст.
Дар ин бора раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни нишасти хабарияш изҳор дошт.
Ба гуфтаи Сидоров, хатари аслӣ ба субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз гурӯҳҳои тундрави сершумор аст, ки дар Афғонистон мустақар шудаанд, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
"Дар ҳоли ҳозир шумори бахши афғонии "Давлати исломӣ"* ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ҳудуди 6,5 ҳазор ҷангҷӯро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор то 4 ҳазор нафар дар наздикиҳои марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мутамарказ шудаанд", - гуфт мавсуф.
Ба иттилоияи раиси ситоди муштараки СПАД, онҳо дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷойгир шудаанд.
Ҳушдори раҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ аз хатари ДОИШ* ва вазъи Афғонистон
Қаблан Станислав Зас, ки то охири соли 2022 раҳбарии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бар уҳда дошт, гуфта буд, ки Афғонистон ҳамчунон як манбаи хатар барои Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, чолишҳое, ки қаблан буданд, аз қабили хатари хусусияти террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ боқӣ мондаанд
* - ташкилоти террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст