ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тоҷикистониёнро аз хатари фаромадани тарма ҳушдор дод.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, эҳтимоли фаромадани тарма дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳамин тавр, аз 14 то 17 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани ин зуҳурот дар назар аст.
Тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар ВМКБ дар ҳавои абрнок идома ёфта, дар баъзе ноҳияҳо боришоти борону барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарб шабона 2-7 дараҷа сард, рӯзона 0-5 дараҷа гарм, дар шарқ ҳароратсанҷҳо шабона то 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гармиро нишон хоҳанд дод.
Дар вилояти Суғд ҳавои камаб, дар водиҳо асосан бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо боришот ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.
Хатлониёнро низ ҳавои номусоид ва борону фаромадани меғ интизор аст.
Дар водиҳои вилоят ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо баъзан борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Сокинони Душанберо бориши борон ва туман интизор аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.