Эълони даромади Тоҷикистон аз содироти барқ: ба киҳо фурӯхт?

Тоҷикистон даромад аз фурӯши нерӯи барқро афзоиш додааст. Афғонистон ва Ӯзбекистон аз харидорони асосии энержии кишвар ном бурда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев— Sputnik. Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои хориҷиро афзоиш додааст. Дар ин бора Агентии омори кишвар хабар медиҳад.
Мувофиқи маълумоти ин ниҳод, Тоҷикистон дар 12 моҳи соли 2022 ба кишварҳои минтақа ба маблағи 106 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст.
Дар ин бора Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Агентии омори кишвар зини нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ соли 2022 Тоҷикистон ба хориҷ зиёда аз 3,4 млрд киловатт соат нерӯи барқ содир кардааст.
"Барқи тоҷик" афзоиши содироти нерӯ ба Ӯзбекистонро шарҳ дод
Ин ба Афғонистон 1,7 млрд, Ӯзбекистон беш аз 1,6 млрд киловатт соат ва боқимонда ба Қирғизистону Қазоқистон рост меояд, афзуд манбаъ.
Номбурда гуфт, нерӯӣ барқ дар бахши содироти кишвар ҷойгоҳи намоёнро мегирад.
Ахиран ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 16 млрд 293,0 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2021 дар ҳаҷми 367,7 млн. кВт. соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар сатҳи 102,3% таъмин карда шудааст.
Аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда, дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 14 млрд. 817,5 млн. кВт. соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 475,5 млн.кВт.соатро ташкил додааст.