ДУШАНБЕ, 13 февр – Sputnik. Нерӯҳои амниятии Украина дар минтақаи хоҷагии ҷангали Серебрянский кӯшиш карданд, ки ҷангалро оташ зананд, изҳор дошт коршиноси низомӣ, подполковники мустаъфии Ҷумҳурии Халқии Луганск, Андрей Марочко.
Вай дар суҳбат бо РИА "Новости" тавзеҳ додааст, ки нерӯҳои украинӣ бо ҳамин роҳ қасд доштаанд, роҳи пешрафти қувваҳои Русияро бигиранд.
"Ҷангҷӯёни украинӣ бо истифода аз зарфҳои ҳомили омехтаи сӯзишворӣ ва инчунин дарахти хушк, пешакӣ самти шамолро таҳлилу баррасӣ карда, оташ задаанд", - гуфт коршинос.
Вай афзуд, ҷониби Украина ният дошт, ҷангалро тавре оташ зананд, ки алангаи он ба сӯи мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳаракат кунад.
"Аз сабаби намии баланд ва қабати ғафси барф, кори оташзанҳо ноком шуд ва пас аз чанде аланга хомӯш гардид", - гуфт Марочко.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24 феврали соли 2022 амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф ҳамчунин ғайринизомисозии Украина ва поккории ин кишвар аз нозиҳо мебошад.