"Роғун" дар соли 2022 чӣ қадар барқ истеҳсол кард?

Ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар соли гузашта ба андозаи 1 млрду 640 млн киловат соат нерӯи барқ харидорӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Нерӯгоҳи "Роғун" дар соли гузашта ба "Барқи тоҷик" ба маблағи беш аз 382 млн сомонӣ барқ фурӯхтааст.
Дар ин бораи раёсати ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки харидории барқ аз "Роғун" дар соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" давоми сол ба андозаи 1 млрду 640 млн киловат соат нерӯи барқ харидорӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки хариди барқ аз нерӯгоҳи "Роғун" дар соли 2021 ба 342 млн сомонӣ баробар буд.
Боз зиёд шуд: эълони қарзҳои "Барқи тоҷик" аз НБО “Сангтӯда-1”
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар "Роғун" 2 чарха фаъолият дошта, сохтмони он идома дорад. Интизор меравад, ки нерӯгоҳ бо иқтидори беш аз 3600 МВт калонтарин дар минтақа гардад.
Феълан мақомоти тоҷик ният доранд, барои ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони НБО "Роғун" консорсиум таъсис диҳанд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, ахиран гуфт, қарор аст, як консорсиуми шабеҳи тарҳи CASA-1000, ки аз сӯи ниҳодҳои молии байнулмилалӣ маблағгузорӣ шудааст, таъсис дода шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир бо сармоягузорони эҳтимолӣ, ки аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида намояндагӣ мекунанд, музокирот идома дорад.