ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Наҷотдиҳандагони тоҷик як ҳафта пас аз заминларзаи шадид дар Туркия кӯдаки сесолаеро зинда аз зери харобаҳо берун овардаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, пас аз соатҳои тӯлонии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар мавзеи Оникисубати шаҳри Қаҳрамонмараш бо истифода аз таҷҳизоти махсус барои ҷустуҷӯи одамони зери харобаҳо Явузи сесоларо ёфта, наҷот доданд.
"Наҷотдиҳандагон ба хотири боз ҳам бештар натарсонданн кӯдак, таҷҳизотро хомӯш карда, ба сӯи ӯ хазида рафта, наҷоташ додаанд. Одамони назди харобазор кӯдаку кори наҷотдиҳандагонро бо кафкубиҳо пешвоз гирифтанд", - афзуд КҲФ.
Ҳамин тариқ Явуз дар зери харобаҳо 158 соатро гузаронд. Дар маҷмуъ наҷотдиҳандагони Тоҷикистон тавонистаанд, то ҳол 3 нафарро зинда берун оранд.
Пештар наҷотдиҳандагони тоҷик падар ва фарзанди шашмоҳаи ӯро дар шаҳри Қаҳрамонмашар аз зери бинои фурӯрафта зинда берун оварданд, ки давоми 6 рӯз зери сангу бетон қарор доштанд.
Дар баробари ин то ҳол ҳайати тоҷикистонӣ аз зери харобаҳо 78 ҷасадро берун оварда, ба мақомоти Туркия супурданд
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ба Туркия ҳайати 50-нафарии табибон ва наҷотдиҳандагонро фиристод, ки барои бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи шадиди 6 феврал кумак мекунанд.
Заминларзаи шадиди 6 феврал дар Туркия ва Сурия даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.