Интиқоди тунди вазири дохилаи толибҳо аз сиёсатҳои ин гурӯҳ

Вазири дохлаи ҳукумати толибҳо ахиран аз сиёсатҳои ин гурӯҳ интиқоди шадид кард ва онро ғайриқобили таҳаммул хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вазири дохилаи ҳукумат толибҳои Сироҷддин Ҳаққонӣ гуфт, бархе нафароне ҳастанд ки худашонро барҳақ ва тасмимоташонро дуруст медонанд, аммо онҳо давлату миллатро ба самти хатар мебаранд.
Вай афзуд, касоне ҳастанд ки бар қудрат султа доранду сиёсатҳояшро тағйир намедиҳанд ва ба ҳеҷ касе ва ҳеҷ миллате гуш намедиҳанд чароки фикр мекунанд танҳо онҳо дуруст мегӯянд.
“Ин вазъияти ғайриқобили таҳаммуласт. Миллати Афғонистони ҳақе бар мо доранд”,- таъкид кард Ҳаққонӣ.
Ҳаққонй инчунин гуфт, ки миллати Афғонистон ҳатто агар роҳи дурустро нараванд ва аз дайн давр бошанд пас масъулият мо куҷост? мо рӯзи гузашта масъқлияти ғайр аз масъулияти имрӯз бар душмон доштем.
“Агар ингуна мо мардум таъомул кардем оё интизор доред беҳтар бо мо бархурд кунанд”, - илова кард Ҳаққонӣ.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ, муовини раҳбари толибон раҳбари шабакаи Ҳаққонӣ дар миёни ин ҷумбиш яке аз тундравҳо маҳсуб мешуд, аммо баъд аз расидани толибон ба қудрати мавозиъаш каме тағйир карду борҳо бар лузуми таъомул бо ҷаҳони хориҷи ва додани ҳақи омузиш кор ба занон таъкид кардааст.