ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Айни ҳол миқдори доруҳои истеҳсоли ватанӣ 540 адад ва номгуи онҳо 315 ададро ташкил медиҳад, гузориш дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, миқдору номгӯи доруҳои тавлиди Тоҷикистон дар муқоиса бо нишондоди соли 2021 мутаносибан 50 ва 25 ададӣ зиёд мебошад.
"Миқдори муассисаҳои истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ 55 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли пешӣ 6 адад зиёд мебошад", - афзуд ин ниҳод.
Таъкид шуд, ки давоми соли гузашта барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ 258 иҷозатнома дода шуд, ки нисбати соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, тайи як соли гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи 156 млн доллари амрикоӣ дору ва молҳои тиббӣ ворид карда шудаст.
Ҳаҷми молу доруҳои воридшуда дар соли 2022 дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли қаблӣ 25 млн доллари амрикоӣ зиёд арзёбӣ мегардад.
Инчунин зикр шудаст, ки содироти маводи тиббӣ аз Тоҷикистон низ ҷой доштаст. Аз ҷумла содироти маводи фаъоли биологӣ дар ин давра 82 млн сомониро ташкил дод, ки нисбати соли қалбӣ 63 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар зимн таъкид мешавад, ки на ҳамаи зарфиятҳои Тоҷикистон барои тавлиди маводи доруворӣ истифода мешавад. Мақомоти дахлдор барои фаъолсозии корхонаҳои муосири истеҳсоли маводи доруворӣ муваззаф гардида, ҷалби сармояи мустақим ба соҳа муҳим хонда шудаст.