ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Арабистони Саудӣ ба узвияти комил дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳавасманд аст, изҳор дошт сафири Русия дар Риёз, Сергей Козлов дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
Ба гуфтаи вай, Риёз саъй дорад хати сиёсати хориҷиро гуногунсамта кунад ва тадриҷан аз шарикӣ бо Вашингтон дур шавад.
Пайвастшавӣ ба чунин иттиҳодияи байналмилалӣ, монанди СҲШ ба ин мусоидат мекунад.
"Дӯстони саудӣ дар ин бора, аз ҷумла дар тамос бо мо андешаҳои мувофиқ баён мекунанд", - таъкид кард сафир.
Мавзӯи шарикӣ дар муколамаи СҲШ фаъолона баррасӣ мешавад, гуфт ӯ.
"Дар маҷмӯъ, хоҳиши шарикони саудӣ барои табдил шудан ба як ҷузъи ин сохторҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама СҲШ, дурнамои хубе ба назар мерасад", - хулоса кард Козлова.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи ахири СҲШ Эрон ёддошти тафоҳум барои узвият дар созмонро имзо карда, раванди пайвастшавии Белорус оғоз гардид.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.