Омори ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар Суғд: 9 кас наҷот ёфту 42 нафар ғарқ шуд

Мақомоти КҲФ дар вилояти Суғд гуфтанд, ки бо вуҷуди корҳои зиёди ҷустуҷӯи, ҷасади ду сокини ғарқшуда ҳамоно бедарак аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, рухдоди садамаҳои фоҷеабори нақлиётӣ боиси ғарқшавии сокинон гардидааст.
Давоми соли 2022, дар вилоят 51 ҳодисаи ғарқшавӣ бо сабабҳои гуногун дар кулу дарёҳои ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 9 нафар аз вартаи ғарқшавӣ наҷот ёфтаанд.
Холмаҳмад Холов, муовини сардори КҲФ дар вилояти Суғд омори ғарқшавиро шарҳ дода гуфт, ки дар ин давра аз сӯи наҷотдиҳандагон 40 ҷасад аз об берун оварда шудааст.
"Бо вуҷуди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ, мутаасифона ду ҷасад аз дарёи Зарарфшон ёфт нашуд", - иброз намуд, Холов.
Дар КҲФ сабабҳои ғарқшавии сокинон шарҳ доданд. Ба гуфтаи мақомот рухдоди садамаҳои мудҳиши нақлиётӣ сабаби ғарқшавии сокинон гардидааст.
Ҳалокати 4 кӯдаки тоҷик дар зери ях: муроҷиати мақомот ба мардум баъди фоҷиа
Холмаҳмад Холов аз садамаҳои фоҷеабори роҳи Душанбе – Хуҷанд гуфт, ки бар асари он 10 мусофир дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба дарё сарозер шуда, ғарқ гардиданд.
Соли 2021 дар ҳудуди вилояти Суғд 53 ҳолати ғарқшавӣ сабт шуда буд, бо мадади наҷотдиҳандагон 24 нафар аз коми дарё наҷот ёфта, ҷасади 29 нафар аз об берун оварда шудааст.