ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Шумораи умумии оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ба зиёда аз 224,5 ҳазор адад баробар шуд, иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, теъдоди умумии оилаҳои камбизоат дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2021 ҳудуди 14,4 ҳазор адад кам шудааст.
Дар зимн таъкид шудааст, ки дар соли гузашта расондани кумак афзоиш ёфта, тайи ин муддат наздики 207 ҳазор хонавода бори аввал ҳуқуқи гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ пайдо кард.
Ин дар ҳолест, ки кумакпулиҳо дар Тоҷикистон охири соли 2022 ва аввали соли равон бо дастури раисҷумҳур ба табақаи ниёзманд ба таври густурда пардохт гардиданд.
Вазорати тандурустию "Амонатбонк" ҳисобот доданд, ки механизми расондани кумакпулиҳо дар тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро мавриди амал қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон дар моҳи декабри соли 2022 таъкид намуда буд, ки кумакпулии яквақтаина бояд ба ниёзмандон то охири сол расонда шавад.
То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад, гуфта буд ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки бо ин мақсад 285 млн сомонӣ равона мегардад.