ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. На Иёлоти Муттаҳида ва на муттаҳидони ғарбии он ба принсипи баробарӣ эҳтиром надоранд, онҳо худро аз ҳама болотар медонанд, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар боре дар арсаи байналхалкӣ суҳбат дар бораи демократия сар мешавад, ғарбиҳо аз он мегурезанд.
Дар оинномаи СММ таъкид шудааст, ки созмон бар асоси баробарҳуқуқии ҳамаи давлатҳо асос ёфтааст, аммо ИМА ва муттаҳидони ғарбияш ба он эҳтиром надорад.
Лавров зикр намуд, ҳар дафъае, ки президенти онҳо оммавӣ суҳбат мекунад, ҳатман садо медиҳад, ки Амрико ягона аст, ки он як қудрати истисноӣ аст ва танҳо он метавонад ҷаҳонро дар ҳолати хуб нигоҳ дораду агар набошад, бесарусомонӣ дар ҷаҳон меояд. Ин фалсафаи диктатор, монополист, гуфт Лавров.
"На фалсафаи давлате, ки ба ҳамкорӣ, демократия, ҷустуҷӯи тавозуни манфиатҳо, ташаккули низоми устувори ҷаҳонӣ такя мекунад, ки бар чанд поя бунёд мешавад,” - таъкид намуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Лавров гуфт, Русия омода аст пешниҳодҳои ҷиддии Ғарбро барои музокирот дар бораи Украина баррасӣ кунад, аммо то ҳол ҳеҷ чизе вуҷуд надорад ва "сафсатаҳои Ғарб" дар ин маврид чандон ҳақиқат надоранд.
"Ҳамаи ин сӯҳбатҳо Ғарб аст, ки онҳо ба музокира омодаанд, вале мо омода нестем - ин ҳама ҳақиқат надорад. Шумо пурсидед, ки дурнамои музокироти Русия ва Ғарб дар бораи масъалаи Украина чӣ гуна аст - мо ба ҳама гуна пешниҳодҳои ҷиддӣ омода ҳастем", - гуфт ӯ.
Лавров таъкид намуд, ки Маскав ба ҳар гуна музокирот дар заминаи баробарию эҳтирому манофеи тарафайн баробар аст.