ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анҷумани занони соҳибкор таъсис шудааст.
Ҳадаф аз таъсиси чунин созмон дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занонмебошад, хабар медиҳад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Фаъолияти Ассотсиатсия аз он иборат аст, ки занони хонашинро ба кор машғул кунад ва ҳамзамон сармояи хориҷиро ҷалб кунад.
Созмондиҳандагон нақша доранд, ки дар бораи фарҳанги ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон низ суҳбат карда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми вилоят мусоидат кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 беш аз 600 ҳазор зан ба маблағи беш аз 3,4 миллиард сомонӣ қарзи бонкӣ гирифтаанд. Ин рақам нисбат ба соли 2018, 2,4 баробар зиёд аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми солонааш ба порлумони кишвар ба нақши занон дар иқтисод ва ҳукумати кишвар таъкид карда буд.
Аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродие, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, 340,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки беш аз 79,9 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.