ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия аз 20 ҳазор нафар гузашт, хабар медиҳад "РИА Новости" бо такя ба вазири тандурустии ин кишвар Фаҳреттин Коҷа.
Қаблан дар бораи 16 ҳазор қурбонӣ хабар дода шуд.
"Тибқи маълумоти охирин, шумори кушташудагон 20 213 нафар ва захмиён 80 052 нафарро ташкил медиҳад", - гуфт вазир.
Субҳи барвақти рӯзи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларза ба шиддати 7,8 дараҷа рух дод. Дар пайи ин 30 зилзилаи сусттар ва нимаи рӯз замин боз бо қувваи 7.6 бал ларзид.
Дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон шуда, дар даҳ музофоте, ки аз ҳама беш хароб гардиданд, се моҳ вазъи фавқулодда ҷорӣ гардид.
Зимнан, ин офати табиӣ Сурияро низ ларзонда буд. Дар он ҷо аз ҳама беш вилоятҳои Ҳалаб, Латакия, Ҳама ва Тартус осеб диданд. Ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, 3162 нафар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳо ба Туркия гурӯҳи наҷотбахшон ва ҳамчунин кумаки башардӯстона ирсол намуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки бо супориши роҳбари давлат 50 имдодрас ба Туркия сафарбар шуданд ва ҳоло дар шаҳри Қаҳрамонмашар фаъолият доранд.
Рӯзи 11 феврал наҷотбахшони тоҷик аз як бинои фурӯрехтаи шашошёна ҷасади нуҳ нафарро дарёфт намуданд.
Ин ниҳод мегӯяд, кори имкдодгарони тоҷик дар Туркия бомаром идома дорад ва то анҷоми пурраи корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мудҳиш, наҷотбахшони тоҷик дар Туркия мемонанд.